Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухӯрди тазоҳургарон дар Киев бо маъмурони пулис


Тазоҳуроти тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Киев дар назди қароргоҳҳои ҳукуматӣ ба бархӯрд бо маъмурони пулис печид. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 1000 тазоҳургар дар назди бинои ҳукумат ва порлумони Украина ҷамъ омадаанд, то раиси ҷумҳур Виктор Януковичро маҷбур кунанд, ки қарораш дар бораи ба таъхир андохтани имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро бознигарӣ кунад. Тазоҳургарон ба самти маъмурони пулис ҳар гуна ашё меандохтанд ва пулис ба онҳо бо гази ашковар муқовимат мекард. Ба гуфтаи мақомоти пулиси шаҳри Киев, тазоҳургарон як роҳи аслӣ ба сӯи маркази шаҳҳро бастанд, вале пулис онҳоро аз роҳ берун кард. Айни замон, Микола Азаров, нахуствазири Украина, гуфт, ки мумкин аст, кишвараш аввалҳои соли оянда аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро дар нишасти сарони ду тараф имзо кунад.
XS
SM
MD
LG