Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди як шохаи "Маҷрои Ҷанубӣ" оғоз шуд


Бунёди як шохаи лӯлаи гази русии Маҷрои Ҷанубӣ дар Сербистон шурӯъ шуд. Томислав Николич, раиси ҷумҳур ва Ивиса Дасич, нахуствазири Сербистон, ҳамроҳ бо Алексей Миллер, раиси ширкати давлатии Газпроми Русия, дар расми оғози корҳои сохтмонӣ ширкат карданд. Созишнома дар бораи бунёди шохаи 421 километрии лӯлаи газ аз тариқи хоки Сербистон моҳи октябри соли 2012 байни ду тараф имзо шуд. Тарҳи мазкур 1 миллиарду 900 миллион доллар арзиш дорад. Интизор меравад, интиқоли газ аз тариқи ин лӯла аввалҳои солли 2016 шурӯъ шавад. Лӯлаи “Маҷрои Ҷанубӣ” дар ниҳоят гази Русияро аз тариқи Баҳри Сиёҳ ба Булғористон, Сербистон, Маҷористон то ба Аврупои Ғарбӣ мерасонад. Дар ин сурат Русия имкон хоҳад дошт, бе убури қаламрави Украина гаи худро ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ бифурӯшад. Дар гузашта, Русияву Украина сари интиқоли гази русӣ ба Аврупо борҳо ҷанҷол кардаанд.
XS
SM
MD
LG