Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов ба Тошканд сафар кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, боздиди дурӯзаи расмӣ аз Узбакистонро оғоз кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, бо Ислом Каримов, ҳамтои узбаки худ, ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ, интиқоли газ ба Чин ва масъалаи Ховари Миёнаро баррасӣ хоҳад кард. Қарор аст, ду тараф ҳамчунин масъалаи амнияти Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2014, пас аз ихроҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG