Пайвандҳои дастрасӣ

Азаров: "Аҳднома бо Иттиҳодияи Аврупо имзо мешавад"


Микола Азаров, нахуствазири Украина, мегӯяд, шояд кишвараш аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро дар аввалҳои соли оянда дар нишасти сарони Украина ва Иттиҳодияи Аврупо имзо кунад. Ӯ рӯзи якшанбе дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо вазъи иқтисодии Украинаро комилан дарк мекунад ва ҳеҷ касе дар Брюссел имзои аҳдномаро сарфи назар накардааст. Ҳафтаи гузашта, ҳукумати Украина гуфт, ки омодагиҳо барои имзои ин санади муҳимро ба таъхир меандозад. Қарор буд, ду тараф аҳдномаи ҳампаймониро рӯзҳои 28 ва 29 август дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои шарқи Аврупо дар шаҳри Вилнюс ба имзо бирасонанд. Стефан Фюле, масъули умури густариши Иттиҳодияи Аврупо, ҳам рӯзи душанбе гуфт, Украина метавонад, ин аҳдномаро соли оянда имзо кунад. Микола Азаров, нахуствазири Украина ҳамчунин гуфт, сиёсатмадорони мухолифи давлат, аз таъхири ҳукумат дар имзои аҳднома “ҳангома” барпо карда ва онро “фоҷиа” хондаанд, то аз ин роҳ “авзоъи сиёсӣ ва иҷтимоиро” дар Украина ноором кунанд. Рӯзи якшанбе даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз қарори ҳукумати Украина раҳпаймоӣ карданд ва гуфта мешавад, ки имрӯз ҳам ба самти қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Киев ҳаракат доранд.
XS
SM
MD
LG