Пайвандҳои дастрасӣ

Лоиҳаи "Қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунат" дар баррасии Шӯро


Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон лоиҳаи иловаҳо ба қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро баррасӣ кард.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи пешниҳоди ин лоиҳаи қонун ба Шӯроро "ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, дар Шӯро таъкид гардид, ки "қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, мавриди иҷро қарор мегирад.

Баррасии ин масъала дар порлумон дар ҳолест, ки имрӯз 25-уми ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон аст.
XS
SM
MD
LG