Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CММ: Мушкилоти муҳитизистӣ ҳалношуда боқӣ монданд


Ширкаткунандагони конфаронси муҳитизистии СММ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон, дар мавриди идомаи таҳияи созиши нав ба тавофуқ расиданд. Созиши нави муҳитизистӣ бояд протоколи Киоторо иваз кунад.

Дар нишасти Варшава гуфта шуд, ки бисёр мавзӯъҳои калидӣ ҳалношуда боқӣ мондаанд, аз ҷумла, кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд ба ҳамоҳангсозии ӯҳдадориҳояшон оид ба коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо муваффақ нашуданд. Кишварҳои ширкаткунанда бояд то семоҳаи аввали соли 2015 пешниҳодҳои мушаххаси худро ба СММ ироа кунанд.

Ба гуфтаи коршиносони СММ, агар дар робита ба тағйири иқлим чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, ҳарорати ҳаво дар сайёра чаҳор дараҷаи Селсия боло меравад ва ин боиси баланд шудани сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва фоҷиаҳои зиёд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG