Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи бузурги донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистонро ба хотири таҷлил аз Рӯзи парчами миллӣ дар "Боғи Парчам»-и Душанбе ҷамъ омаданд.

Агарчи оғози расмии чорабинӣ ба соати 12:00 барномарезӣ шуда буд, аммо масъулини мактабҳо хонандагонро аз соати нӯҳи субҳ барои тамрин дар гирди парчам ҷамъ оварданд. Ҳаво дар рӯзи ҷашни парчам нисбат ба рӯзҳои дигар сардтар буд.

Аммо ба вуҷуди ин наврасону ҷавонон идро бо хушнуди ҷашн мегирифтанд.
Як хонандаи мактаби махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоев дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд ваҳо сард аст, онҳо ба хотири Ватан ва Парчами ба сардиҳо низ тоқат мекунанд: «Барои мо дар ҳавои сард будан мушкиле нест. Барои Ватан ҷонамонро фидо мекунем. Хурсанд ҳастем, ки ин рӯзро ҷашн мегирем.»

Аммо бо он ки ҷавонон аз садоқат ба ватан сӯҳбат мекарданд, вале аксари онҳо дар рангҳо, рамз ва умуман мафҳуми парчам ораи мафҳуми парчам ва чӣ маъно доштани рангҳои он маълумоти кофӣ надоштаанд. Ҳангоме дар ин бора суол мекардем, бештари онҳо дар ҷавоб оҷиз мемонданд. Гулнораи Гадоалӣ, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи омӯзгорӣ иқрор кард, ки дар бораи чӣ маъно доштани рангҳои парчами Тоҷикистон дақиқан чизе намедонад. Аммо танҳо инро мефаҳмад, ки давлат бидуни парчам давлат нест: «Имрӯз рӯзи иди парчам аст. Парчам рамзи давлатдорӣ аст. Кишварҳо бо парчаму нишонаш фарқият дорад.»

Муҳаммади Зикриё, як ҷавони тоҷик меафзояд, ки бо доштани байрақи 165-метра бояд ифтихор кард, зеро дирфши тоҷикон ба китоби Гиннеса шомил аст: «Парчам рамзест, ки метавонад Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Масалан, ҳар як варзишгар ва дигар шахсони маъруф танҳо бо байрақ баромад мекунанд.»

Рӯзи якшанбе дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар робита ба ин рӯз, аксияи таърихи дирафши тоҷикон эълон шуд. Дар ин аксия ҷавонон чеҳраҳои худро бо рангҳои сурху сафеду сабз наққошӣ карда буданд. Бархеи онҳо парчами Тоҷикистонро чун нишони меҳру садоқат дар шакли дил дар чеҳраҳои худ нақшбандӣ карданд.

Мамнуна, донишҷӯи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, ки дар чеҳраи худ нақши байрақро кашида буд, гуфт, ин корро ба хотири гиромидошти дирафши тоҷикон анҷом додааст. Ба қавли Мамнуна, дар ҳама кишварҳои олам байрақро асосан се гурӯҳи одамон боло мебардоранд: «Байрақро дар дигар давлатҳо пеш аз ҳама президент мебардорад. Баъдан варзишгарону ҷавонон. Омӯзгору дигар категорияи мардум наметавонанд парчамбардор бошанд.»

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин аксияи таърихи Парчам дар асоси қарори мири шаҳри Душанбе сурат гирифтааст ва он аз дирафши Ковиён шурӯъ карда, парчами худмухтории Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон, Тоҷикиистони шӯравӣ ва Тоҷикистони мустақилро дар бар мегирад: «Ин гуна аксияҳо дар чор боғи шаҳри Душанбе сурат гирифтанд. Дар боғи «Дӯстии халқҳо» аксияи "Садоқат ба парчам", дар боғи Кӯли ҷавонон аксияи "Орази парчам" ва дар майдони 800- солагии Москва бошад, аксияи "Муҳаббат ба парчам" сурат гирифт.»

Гуфта мешавад дар сартосари Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ беш аз сад чорабинии фарҳангиву варзишӣ ва илмӣ гузаронида шуд, ки бештари ширкатдоронаш ҷавонону наврасон буданд. Масъулин мегӯянд, ки ба ин васила мехоҳанд ҳисси ватандӯстии ҷавоноро боло баранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG