Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай шарти имзои созишномаи амниятиро эълон кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, созиши амниятӣ бо Амрикоро баъд аз он имзо мекунад, ки ҳамлаҳои нерӯҳои байулмилалӣ ба манзилҳои афғонҳо хотима ёбанд ва ҳамкорӣ фақат ба хотири сулҳи устувор дар Афғонистон сурат бигирад. Ӯ рӯзи якшанбе дар поёни Лоя Ҷирга, нишасти сарони қабвму қабоил ва афроди шинохтаи Афғонистон, гуфт, "Амрико барои мо сулҳ биёрад, мо ин қарордодро бо ҳарду дида ҳамроҳаш манзур дорем ва амри шуморо қабул карда, имзояш мекунем"

Лоя Ҷирга рӯзи якшанбе созиши амниятӣ бо Амрикоро пазируфт. Ин санад имкон медиҳад, ки низомиёни амрикоӣ баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнуламиллалӣ дар поёни соли 2014 ҳам дар Афғонистон боқӣ монанд. Гуфта мешавад, ки тақрибан 15 ҳазор афсару сарбоз асосан ба тамрини нерӯҳои афғон машғул хоҳанд буд.

Аммо Карзай дар мавриди кай имзо кардани санад чизе нагуфт. Ӯ рӯзи панҷшанбе зимни ифтитоҳи Лоя Ҷирга эълом дошт, ки созиши амниятӣ бо Амрико бояд баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда имзо шавад. Дар посух ба ин Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Лоя Ҷиргаи машваратӣ, изҳор намуд, ки Карзай ҳаққи ба таъхир андохтани имзои ин созишномаро надорад.
XS
SM
MD
LG