Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоя Ҷирга созиши амниятӣ бо Амрикоро пазируфт


Дар Лоя Ҷирга, нишасти сарони қавму қабоил ва афроди шинохтаи Афғонистон, аз созиши амниятӣ миёни Кобул ва Вошингтон пуштибонӣ шуд.

Ин санад имкон медиҳад, ки низомиёни амрикоӣ баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмиллалӣ дар поёни соли 2014 ҳам дар Афғонистон боқӣ монанд. Гуфта мешавад, ки тақрибан 15 ҳазор афсару сарбози хориҷӣ, умдатан ба тамрини нерӯҳои афғон машғул хоҳанд шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо аз се ду ҳиссаи ширкаткунандагони Лоя Ҷирга хостори то охири соли равон имзо кардани созишнома шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар нишасти Лоя Ҷирга дар Кобул дуву ним ҳазор нафар ширкат доштанд.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи якшанбе дар поёни нишасти Лоя Ҷирга гуфт, созиши амниятӣ бо Амрикоро баъд аз он имзо мекунад, ки ҳамлаҳои нерӯҳои байналмилалӣ ба манзилҳои афғонҳо хотима ёбанд ва ҳамкорӣ фақат ба хотири сулҳи устувор дар Афғонистон сурат бигирад.
"Амрико барои мо сулҳ биёрад, мо ин қарордодро бо ҳарду дида ҳамроҳаш манзур дорем ва амри шуморо қабул карда, имзояш мекунем"-гуфт ӯ.

Аммо Карзай дар мавриди кай имзо кардани санад чизе нагуфт. Ӯ рӯзи панҷшанбе зимни ифтитоҳи Лӯи Ҷирга эълом дошт, созиши амниятӣ бо Амрико бояд баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда имзо шавад. Ин изҳорот гурӯҳҳои сиёсии афғонро пушти ду сангар қарор дод. Бархе аз изҳороти Карзай истиқбол карданд ва аммо аксаран гуфтанд, ки таъхир дар имзои ин тавофуқнома ба зиёни Афғонистон анҷом хоҳад шуд.

Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Лоя Ҷиргаи машваратӣ, рӯзи шанбе дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки Карзай ҳаққи ба таъхир андохтани имзои ин созишномаро надорад. “Ман мегӯям, ки (Карзай) кори саҳв ва иштибоҳ мекунад. Ба хотире, ки тамоми хоҳишоте, ки Карзай дошт ва ончиро, ки мо мехостем, онҳо (амрикоиҳо) татбиқ ва қабул карданд. Бо он ҳам онҳоро мунтазир месозанд. Ин кор ба зарар ва зиёни Афғонистон аст ва мо онро ҳеҷ қабул надорем", изҳор намуд ӯ.

Карзай шарти имзои созишномаи амниятиро эълон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:20 0:00


Қаблан Аймал Файзӣ, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон, гуфта буд, ҳукумати Афғонистон дархости Амрико барои то поёни соли равон тасвиб намудани паймони амниятиро рад кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон “ҷадвалҳои замонии” Амрикоро эътироф намекунад. Ҳомид Карзай дар ташреҳи то баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ мавқуф гузоштани тасвиби созишнома гуфта буд,

Сайид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, сиёсатшиноси афғон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба мавзеъгирии теъдоди бузурги ширкатдорони Лоя Ҷирга таъкид кард ва афзуд, шояд Ҳомид Карзай мехоҳад бо эъломи таъхири имзои созиш аз Амрико имтиёзе бигирад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршинос, аҷаб нест, ки Карзай аз бар дӯш гирифтани ин гуна масъулияти таърихӣ – имзои созишномаи амниятӣ ҳарос дошта бошад.

Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе бо нашри як эъломия гуфт, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҳомид Карзай барои то охири сол имзо шудани созиши амниятӣ пойфишорӣ кардааст. Намояндаи Кохи Сафед ҳам эълом дошт, ки тавофуқнома бояд тайи як моҳи оянда имзо шавад, то нерӯҳои амрикоӣ барномаҳои худро дар ин кишвар ба таври дуруст танзим кунанд.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд мегӯяд, акнун баъди аз сӯи Лоя Ҷирга пазируфта шудани санади амниятӣ ва тасмим дар мавриди тайи як моҳ имзо кардани он Карзай барои ақибнишинӣ аз мавқеи худ маҷбур хоҳад шуд, зеро қаблан ваъда дода буд, ки ҳама тасмими ин нишасти сарони қавму қабоил ва афроди маъруфи кишварро қабул хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG