Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаҳои мушакӣ 40 сокини Ҳалаб ҷон бохтанд


Бар асари ҳамлаи мушакии нерӯҳои ҳукуматии Сурия ба шаҳри Ҳалаб рӯзи шанбе, 23 ноябр, дасти кам 40 нафар, асосан сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Даҳҳо нафари дигар марӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба он манотиқи шаҳр, ки таҳти назорати мухолифни мусаллаҳ аст, ҳадди аққал шаш бор мушак андохтанд.

Аз ин пеш дар Сурия сӯиқасд ба ҷони вазири масоили оштии миллӣ Алӣ Ҳайдар сурат гирифт. Ба иттилои шабакаи телевизионии “Ал-Ахбория”, ҳангоми сӯиқасд, ки дар як шоҳроҳи вилояти Тартус сурат гирифт, ба вазир осеб нарасидааст. Ҳамзамон як манбаи ҳукуматӣ бидуни ифшои номаш ба хабаргузории Reuters гуфт, ки ҳангоми ҳамла вазир дар мошин набуд. Алӣ Ҳайдар ба гурӯҳи, ба истилоҳ “мухолифини ватанпараст” шомил аст – дар ин гурӯҳ нерӯҳои сиёсие ҷамъ омадаанд, ки худро рақиби “Баас”, ҳизби раисиҷумҳур Башор Асад, мешуморанд.

Рӯзи шанбе ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд, ки ошӯбгарон, аз ҷумла, гурӯҳи “Ҷабҳаи ан-Нусра”, майдони нафти Умар дар вилояти Дайр-Аззорро ишғол карданд. Авзоъ дар Сурия рӯзи шанбе дар мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва фиристодаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия то ҳол беш аз сад ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG