Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи ҳастаии Эрон дар Женева идома меёбад


Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Кэтрин Эштон
Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Кэтрин Эштон
Музокироти Эрон ва “шашгона” – шаш узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон дар Женева рӯзи якшанбе идома хоҳад кард. Дар ин бора ба хабарнигорон намояндаи ҳайати ИМА иттилоъ дод.

Вазирони умури хориҷии “шашгона” рӯзи шанбе мулоқоти алоҳида доир карданд, ки дар он Муҳаммад Ҷавод Зариф ба хотири ҳамоҳангсозии мавқеи Эрон ширкат надошт.

Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, ихтилофи назари аосоӣ миёни ҷонибҳо дар музокироти Женева марбут ба идомаи ғанисозии ураниум дар қаламрави Эрон ва бунёди реактори ҳастаӣ дар Ароқ аст.

Рӯзи шанбе Гидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, расидан ба тавофуқ оид ба барномаи ҳастаии Эронро воқеъӣ номид. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз корҳои зиёдеро бояд ба субут расонд.

Рӯзи шанбе вазирони умури хориҷии шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ширкат дар даври ниҳоии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ба Женева омаданд. Аз ин пеш як дипломати Иттиҳодияи Аврупо ба хабаргузориҳо гуфт, ки раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодия Кэтрин Эштон ва вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар гуфтушуниди рӯзи ҷумъа дар ҳалли мушкилоти аслӣ ба тавофуқ даст ёфтаанд.

“Шашгона” – панҷ узви доимии СММ ба изофаи Олмон ба Эрон пешниҳод кардааст, ки ба ивази коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ бархе аз бахшҳои барномаи ҳастаияшро мутаваққиф кунад.
XS
SM
MD
LG