Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯиқасди ноком ба ҷони вазири оштии миллии Сурия


Сурияи имрӯз

Сурияи имрӯз

Дар Сурия рӯзи шанбе, 23 ноябр, сӯиқасд ба ҷони вазири масоили оштии миллӣ Алӣ Ҳайдар сурат гирифт. Ба иттилои шабакаи телевизионии “Ал-Ахбория”, ҳангоми сӯиқасд, ки дар як шоҳроҳи вилояти Тартус сурат гирифт, ба вазир осеб нарасидааст.

Ҳамзамон як манбаи ҳукуматӣ бидуни ифшои номаш ба хабаргузории Reuters гуфт, ки ҳангоми ҳамла вазир дар мошин набуд.

Алӣ Ҳайдар ба гурӯҳи “мухолифини ватанпараст” шомил аст – дар ин гурӯҳ нерӯҳои сиёсие ҷамъ омадаанд, ки худро рақиби “Баас”, ҳизби раисиҷумҳур Башор Асад, мешуморанд.

Рӯзи шанбе ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд, ки ошӯбгарон, аз ҷумла, гурӯҳи марбут ба "Ал-Қоида" - “Ҷабҳаи ан-Нусра”, майдони нафти Умар дар вилояти Дайр-Аззорро ишғол карданд.

Авзоъ дар Сурия рӯзи шанбе дар мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва фиристодаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ баррасӣ мешавад. Дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия то ҳол беш аз сад ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG