Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Туркия дар Қоҳира бояд Мисрро тарк кунад


Нооромиҳо дар Қоҳира идома доранд
Нооромиҳо дар Қоҳира идома доранд
Мақомоти Миср аз сафири Туркия дар Қоҳира талаб карданд, ки кишварро тарк намояд. Ҳамзамон вазорати умури хориҷии Миср Туркияро дар мудохила ба умури кишвар айбдор намуд ва эълом дошт, ки сатҳи робитаҳои дипломатӣ миёни Миср ва Туркия коҳиш меёбад ва аз ин баъд аз ин кишварҳо фақат ваколатдорон намояндагӣ хоҳанд кард. Аз ин пеш Қоҳира сафираш дар Анкараро ба кишвар боз хонда буд.

Гуфта мешавад, тасмими ахири Қоҳира бо интиқоди Туркия аз барканории раисиҷумҳури пешини Миср Муҳаммад Мурсӣ рабт дорад, ки онро Анкара чун “табаддулоти низомӣ” арзёбӣ кардааст.

Муҳаммад Мурсӣ моҳи июли соли равон аз сӯи низомиёни мисрӣ барканор шуд. Норозигиҳо аз ин амали низомиён ва задухӯрдҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифини Муҳаммад Мурсӣ дар шаҳрҳои гуногуни Миср то ҳанӯз идома доранд. Дар ин задухӯрдҳо садҳо нафар ҷон бохтанд. Тайи моҳҳои ахир дар Миср ҳазорон ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин”-ро, ки Мурсӣ намояндаи он буд, боздошт карданд ва фаъолияти худи ҷунбиш дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG