Пайвандҳои дастрасӣ

Покистониҳо роҳи интиқоли бор барои НАТО-ро мебанданд


Дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, намоиши эътирозӣ ба хотири бастани яке аз роҳҳои асосии интиқоли молу мавод ба нерӯҳои мустақар дар Афғонистони НАТО шурӯъ шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳазорон ҷонибдорони ҳизбҳои “Таҳрики Инсоф” ва “Ҷамоати исломӣ” дар як шоҳроҳи берун аз Пешовар, маркази вилоят, ҷамъ омаданд. Ин ду ҳизб узви эътилоф дар ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхва мебошанд. Онҳо ваъда додаанд, ки дар посух ба зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба қаламрави Покистон роҳи асосии таъмини нерӯҳои НАТО-ро мебанданд.

“Таҳрики Инсоф” мухолифи ҳамкориҳои Исломобод ва Вошингтон аст ва мегӯяд, ки зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин боиси густариши терроризм дар Покистон мегардад.

Интиқоли молу мавод ба нерӯҳои НАТО аз тариқи ду минтақаи Покистон - Хайбар-Пахтунхва дар шимол ва Балуҷистон дар ҷануб сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG