Пайвандҳои дастрасӣ

Голодомор ё қаҳтӣ ҷони миллионҳоро дар Украина гирифта буд


Ёдгорие барои қурбониёни Ҳолодомор

Ёдгорие барои қурбониёни Ҳолодомор

23-юми ноябр Украина 80 солагии Голодомор ё соли қаҳтиро баргузор мекунанд. Дар солҳои 1932-33 миллионҳо нафар аз гуруснагӣ ҷон дода буданд.

Аз он солҳо то ба рӯзҳои мо кам касоне зинда мондаанд, ки шоҳиди ин даҳшати инсонӣ шудаанд, то хотираҳои худро ба насли кунунӣ ҳикоят кунанд.

Мариа Вивчарик яке аз онҳост. Вай он вақт 8 сола буд ва дар оғози солҳои Ҳолодомор ё қаҳтӣ дар деҳаи Кривенке дар каронаи ғарбии рӯдхонаи Збрух зиндагӣ мекард. Ин рӯдхона Украинаро ду қисм карда буд. Қисмати ғарбӣ зери контроли Полша ва қисмати шарқӣ зери контроли Шӯравиҳо буд.

Мария Вивчарик ҳоло дар шаҳраки марказии Украина бо номи Смила ба сар мебарад. Вай мегӯяд, ки он вақт одамон аз қисмати Шӯравӣ ба қисмати Полша мегузаштанд ва хонаводаи онҳо ба гуруснагон кӯмак мекард. Вай мегӯяд, бисёриҳо мадор надоштанд, ки аз рӯдхона бигзаранд ва дар об ғарқ мешуданд. Вале онҳое, ки ҷон ба саломат мебурданд, либоси хушк ва каме хӯрока мегирифтанд. Аҳолии деҳа хӯрока ҷамъоварӣ мекарданд ва ба деҳоти тарафи Шӯравӣ мефиристоданд. Вивчарик он рӯзҳоро ин гуна ба ёд мерад:



“Онҳо барои наҷоти ҷони худ ба назди мо меомаданд, ба қисмати ғарбии Украина. Мо ҳаёти онҳоро наҷот медодем. Онҳо шабона меомаданд ва тирезаро тақ-тақ мезаданд. Ман 8 сола будам. Модаркалонам маро бедор мекард ва мегуфт, ки дар бухорӣ алов кунам. Мардону заноне, ки меомаданд, либосҳояшон тар буд. Мо зуд либоси онҳоро иваз мекардем ва либоси тарро мешустем. Барои онҳо зуд хӯрок ва чою нон дуруст мекардем. Онҳо он қадар лоғар буданд, ки агар зиёд мехӯрданд, мемурданд. Хеле даҳшат буд”.

Павло Рожко дар солҳои қаҳтӣ 11 сола буд. Вай ҳоло 91 сола аст ва то кунун дар гурӯҳи сарояндагон ё хор асбоби милии украинаии бандура менавозад ва овоз мехонад. Хонаводаи онҳо дар давраи кӯдакиаш дар деҳаи Пискӣ дар ҷанубу шарқи Украина зиндагӣ мекард.



“Одамон варам мекарданд ва асосан аз гуруснагӣ ҷон медоданд. Одамон дар атроф бо ароба мегаштанд ва ҷасадҳоро ҷамъ мекарданд. Ягон расмиёт вуҷуд надошт. Ин дар аввалҳои соли 1933 буд. Як моҳ пас падари ман ҷон дод”.

Павло Рожко мегӯяд, Сталин ислоҳоти шадиди кишоварзӣ анҷом дод ва миллионҳо нафар кишоварзон аз замини худ ва аз ҳосили он маҳрум шуданд. Сокинони деҳот заминҳоро иҷора гирифта буданд. Асб ва дигар ҳайвоноти хонагӣ доштанд. Вале соли 1932 намояндагони давлати шӯроҳо ҳамаи ин дороӣ ва ҳосили заминро ҷамъ карда гирифтанд ва ва барои даромад онро ба хориҷа фурӯхтанд.




“Падари ман нисфи он чиро, ки мо дар колхоз доштем, гирифт. Нисфи дигарашро барои худ нигоҳ медоштем. Ман 11 сола будам. Хоҳару бародарам хурдтар буданд. Вале баъдтар комиссарҳо аз Донбас омаданд. Онҳо коммунист буданд. Онҳо боқимондаи ғалларо бо худ бурданд. Мо барои хӯрдан ҳеҷ чиз надоштем”.

Одамон пӯстҳои дарахтро дар об меҷӯшонданд, морҳо ва хазандаҳои дигарро шикор мекарданд, то аз онҳо шӯрбо дуруст кунанд. Микола Миколаенко, мӯйсафеди 93 солаи сокини Днепропетровск шеър ҳам менависад. Вай дар бораи Ҳолодомор ёддоштҳои худро ба қалам додааст. Аз ҷумла вай менависад, “дар аввали соли 1933 шабона касе ба хонаи каси дигар мерафт ва аз вай намак мепурсид. Рӯзи дигар овоза мешуд, ки дар фалон хона як касро кушта хӯрдаанд. Маъмулан кӯдаконро кушта мехӯрданд, то калонсолон зинда монанд. Баъзеҳо шабона пинҳонӣ мебаромаданд ва ҷасадҳоро мебурданд. Одамхӯрӣ ривоҷ ёфта буд”.

Дар солҳои қаҳтии 1932-33 ҳудуди 10 миллион нафар украиниҳову казакҳо ҷон доданд. Бо вуҷуди ин мақомоти Кремл намехостанд ба таври расмӣ ин фоҷеаро қатли ом эътироф кунанд.

Имрӯз низ дар Украина Голодоморро қатли ом эътироф намекунанд. Виктор Янукович соли 2010 баъд аз интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҳушдор дод, ки дар ин бора қонуне бояд ба тасвиб нарасад. Вале ин дастури вай бисёриҳоро дар Украина ба ғазаб овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG