Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Убайдуллоев ба мансабдорони шаҳр ҳушдори қатъӣ дод


Раиси шаҳри Душанбе муовини худ ва раисони 4 ноҳияи пойтахтро ҳушдор дод, дар сурати иҷро нагардидани қарорҳои шаҳрдорӣ аз вазифаҳояшон сабукдуш мекунад.
Дар ҷаласаи ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 22-уми ноябр Маҳмадсаид Убайдуллоев, Насрулло Хайруллоев муовини худ, Зафар Сафаров раисони ноҳияҳои Сино, Аламхон Қурбонов раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Самандар Бобоев раиси ноҳияи Шоҳмансур ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ - Саиднуриддин Алиевро барои то ҳол дар ҳудуди пойтахт парвариш ёфтани чорвои хонагӣ ҳушдор додаст.

Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, агар то авали январи соли 2014 ин камбудиҳо ислоҳ нашавад чораҳои қатъӣ меандешад.

Қаблан ҳукумати шаҳри Душанбе қарореро содир карда буд, ки тибқи он дар ҳудуди пойтахт нигоҳубин ва парвариши чорвои хонагӣ аз қибили гову бузу хару хук ва дигарон манъ аст.
XS
SM
MD
LG