Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми боздошти вакили қирғиз тамдид шуд


Додгоҳе дар шаҳри Бишкек амр додааст, Акматбек Келдибеков, раиси собиқи порлумон ва вакили мухолифи давлатро то замони таҳқиқи парвандааш ду моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳ доранд. Акматбек Келдибеков, узви Ҳизби Отаҷурт, ё “Сарзамин” аз соли 2010 то соли 2011 раиси порлумони Қирғизистон буд. Ӯро рӯзи чаҳоршанбе бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва тақаллуби молӣ дар чанд соли пеш ҳангоми кораш дар Хадамоти Давлатии Нафақа ва Кумитаи Гумруки Қирғизистон боздошт карданд. Ӯ қабл аз боздошташ дар як баёнияе гуфт, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа садҳо нафар аз тарафдорони Келдибеков бо талаби раҳоии ӯ, тазоҳурот карданд.
XS
SM
MD
LG