Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як қочоқчии афғон дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ


Дар пайи амалиёти нерӯҳои интизомии тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, раҳбари як гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир кушта шудааст. Амалиёт алайҳи қочоқчиён шаби гузаштаи 21 ба 22-уми ноябр дар ноҳияи Ҳамадонӣ сурат гирифта ва ба гуфтаи як манбаъ аз Оҷонсии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, он дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амният гузаронда шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, як нафар қочоқчии афғон дар натиҷаи нишон додани муқобилият ва иҷро накардани фармони кормандони Оҷонсӣ ва кушодани оташ, безарар карда шуд. Ба гуфти манбаъ, ин ҳодиса шабона ҳангоме, ки як гурӯҳ қочоқчиёни маводи мухаддир ғайриқонунӣ марзро убур намудаанд, ба амал омадааст. Гуфта мешавад онҳо бо убури марз ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, ҷониби онҳо оташ кушоданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона як нафар аз қочоқчиён кушта, боқимонда аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса як борхалта бо 15 кило маводи мухаддири "ҳашиш" ва "канабис" ва 2 дона норинҷак дарёфт шудааст. Гуфта мешавад ин маводи мухаддир ба кишварҳои Осиёи Миёна ва баъдан ба Русияву Аврупо интиқол меёфтааст. Ин бори нахуст нест, ки дар марз миёни кормандони мақомот ва нашъаҷалобон задухӯрди мусаллаҳона ба миён омадааст. Дар амалиётҳои қаблӣ ҳатто як нафар аз сарҳадбонони тоҷик кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG