Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Панҷоҳ сол пас аз террори Ҷон Кеннедӣ


Ҳамзамон бо панҷоҳумин солгарди террори Ҷон Кеннедӣ, парчамҳои Амрико рӯзи ҷумъа нима афрошта аст.

Дар панҷоҳумин солгарди террори Ҷон Кеннедӣ, раиси ҷумҳури пешини Амрико, рӯзи ҷумъа парчамҳои Иёлоти Муттаҳида ба ҳоли нима афрошта дар меояд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе бо судури як фармони ёдбуди миллии панҷоҳумин солгарди ин террор гуфт, ин маросим, натиҷаи мондагории Кеннедӣ дар таърихи Амрико аст.

Ҷон Кеннедӣ 22-юми ноябри соли 1963 дар шаҳри Даллас бар асари тирпаронӣ кушта шуд. Як комиссияи расмии давлатӣ эълон кард, ки қотил фарде бо номи Ли Ҳарви Освалд будааст ва ба танҳоӣ даст ба ин иқдом задааст. Бо ин ҳол шумори зиёде аз амрикоиён бар ин боваранд, ки вай қурбонии як дасисаи номаълум шуд.

Ли Ҳарви Освалд дар авоили даҳаи шасти мелодӣ ҳудуди ду сол дар Минск-пойтахти Белорус, ки дар он замон бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд, зиндагӣ кардааст. Радиои Озодӣ бо се нафар аз касоне, ки Освалдро мешинохтанд, гуфтугӯ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG