Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия омилони қатли муҳоҷири узбакро боздошт карданд


Мақомоти интизомии Русия 7 нафар аз ҷумла 5 ноболиғро бо иттиҳоми қатли як шаҳрванди Узбакистон дар шаҳри Санкт Петербург боздошт кардаанд. Кумитаи тафтишотии ин шаҳр рӯзи ҷумъа гуфт, ки ҳамаи муттаҳамон эътироф карданд, ки як марди узбакистониро корд зада, куштанд. Ба қавли маъмурони интизомӣ, парванда дар заминаи адовати қавмӣ боз шудааст. Рӯзи 4-уми ноябр, миллатгароёни тундрави Русия дар рӯзи ваҳдати милли ин кишвар дар метрои Улденая дар Санкт Петербург ба даҳҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла карданд. Дар ҳамон рӯз ҷасади ду муҳоҷири корӣ аз Узбакистон ва Қирғизистонро дар ин шаҳр пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG