Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Гӯсфандҳои бесоҳиб" ба убури марзи Узбакистон муттаҳам шуданд


Додситонии вилояти Қашқадарёи Узбакистон парвандаи «гӯсфандҳои бесоҳиб» дар мавриди сарнавишти рамаи сокинони деҳаи Моғиёни Панҷакентро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Намозалӣ Қурбоналиев, сарчӯпони деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент рӯзи 22-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ду рӯз қабл тариқи почта аз номи иҷрокунандаи вазифаи додситони вилояти Қашқадарё Норов Д.А.нома дарёфт кардааст, ки дар он дар бораи оғоз ва баррасии парванда дар нисбати сарнавишти рамаи сокинони ин деҳа маълумот пахш шудааст.

Ба гуфтаи Намозалӣ Қурбоналиев, дар ин нома, ки ба забони русӣ навишта шудааст, аз ин парванда ҳамчун парвандаи «Безхозного скота» ёдоварӣ шудаааст. Дар нома омадааст, ки додситонии Қашқадарё дар рӯзҳои наздик парвандаи 1862 сар гову гӯсфанди "бесоҳиб"-ро, ки вориди чарогоҳҳои Узбакистон шудааст, ба додситонии кулли Узбакистон ирсол мекунад.

Сарчӯпони Моғиён мегӯяд, ки ин нома аз тарафи додситонии Қашқадарё дар таърихи 5-уми октябр ба адреси манзили ӯ ва ба номи вай ирсол шудааст, онро раиси ҷамоати Моғиён Исматов дӯ рӯз қабл ба вай додааст: "Барои он рамаи моро ҳамчун гӯсфандҳои бесоҳиб баррасӣ карда истодаанд, ки агар рама дар санадҳо ба додгоҳ ҳамчун гӯсфандҳои соҳибдор зикр карда мешуд, он 5 нафар чӯпоне, ки ҳамроҳи рама ба он тараф гузашта буданд, ба маҳкама кашида мешуданд, аммо мақомоти Узбакистон ба мо раҳм кардаанд".

Вай меафзояд, панҷ чӯпоне, ки моҳи июн дар чарогоҳи марзии Узбакистон боздошт шуданд, пас аз як моҳи боздошт дар санадҳо ҳамчун муҳоҷири корӣ баррасӣ шуданд ва аз боздошгоҳ раҳо гардиданд. Дар сурати иттиҳоми дигар, онҳо мурофиа ва зиндонӣ мешуданд.

Сарчӯпони Моғиён мегӯяд, "дар номаи додситонии Қашқадарё гуфта шудааст, ки рамаи гӯсфанду гови мо дар як хоҷагии давлатӣ нигаҳдорӣ мешавад ва ба дунболи баррасӣ ин қазия додгоҳ хулосаи худро содир мекунад ва эҳтимол гусфандҳо баргардонида шаванд. Вале барои мо маълум нест, ки қазия кай дар додгоҳ баррасӣ мешавад ва гӯсфандҳоро бармегардонанд. Аз ин рӯ ман ин номаро имрӯз ба ҳукумати вилояти Суғд мебарам ва мехоҳам, ки мақомоти вилоят номаи моро ба сафорати Тоҷикистон дар Тошканд фиристад."

Ҳанӯз дар моҳи 14 июни соли равон марзбонони Узбакистон 5 сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Пас аз як моҳ мақомоти Узбакистон 5 чӯпонро раҳо карданд, вале то ҳол аз рамаи гӯсфандони онҳо дараке нест. Мақомоти тоҷик ба хотири раҳоии шаҳрвандони худ дар муддати як моҳи дар ҳабси Узбакистон қарор доштани онҳо бо сарҳадбонҳои узбак чанд маротиба гуфтушунид анҷом дода, ба озод намудани шаҳрвандони тоҷик хушбин буданд.

Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 80 дарсадаш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Узбакистон ҳанӯз дар соли 2000 ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Аз ин марзи мушкил пайваста дар бораи ҳалокату ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони ду кишвар дар майдонҳои минакоришуда ва боздошти афрод аз сӯи марзбонҳо гузоришҳо мерасанд.
XS
SM
MD
LG