Пайвандҳои дастрасӣ

С. Аслов: "Сулҳу ваҳдат дар Афғонистон аз мардуми он вобаста аст"


Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Мутаҳид Сироҷидин Аслов рӯзи 20-уми ноябр дар нишасти навбатии иҷлоси 68-уми Маҷмааи Умумии СММ, ки ба мавзӯи «Вазъият дар Афғонистон» бахшида шуда буд, гуфтааст «сулҳу ваҳдат дар Афғонистон бояд таҳти пешбарии ҳукумату мардуми он кишвар татбиқ шавад.»

Аз дафтари намояндагии Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки Аслов гуфтааст кишварҳои аъзои СҲШ раванди барқарорсозии Афғонистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ба мардуми он кишвар ёрӣ, аз он ҷумла кӯмаки башардустонаро расонидаистодаанд. Сироҷидин Аслов қайд кардааст, ки СҲШ омодааст дар оянда низ бо мақсади рушди Афғонистон робитаҳои иқтисодӣ ва савдоро байни СҲШ ва Афғонистон вусъат бахшад. Намояндаи доимӣ афзуд, ки татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба рушди иқтисод ва таъсиси ҷойҳои кори нав дар он кишвар мусоидат мерасонад.

Манбаъ афзуд Сироҷидин Аслов дар ин иҷлосия аз номи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) суханронӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG