Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович: Киев талоши ҳамгароӣ бо Аврупоро мекунад


Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович дар ҳоле дар бораи идомаи талоши Киев барои ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо изҳорот пахш кард, ки ҳукумати Украина омодагиҳо ба имзои қарордоди ҳамгароӣ миёни Украина ва Иттиҳодияи Аврупоро мутаваққиф намуд.

Изҳороти Янукович рӯзи панҷшанбе, 21 ноябр, дар Вена, баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури федеролии Австрия Ҳейнс Фишер пахш шуд. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи раҳо кардан ё накардани нахуствазири пешин Юлия Тимошенко гуфт, ки ин мавзӯъ фақат дар чаҳорчӯби қавонини Украина ҳаллу фасл мешавад. Юлия Тимошенко барои сӯиистифода аз мақом барои 7 сол маҳкум ба маҳбас шудааст.

Аз ин пеш парлумони Украина ҳамаи 6 тарҳи қонунеро, ки ба Тимошенко барои идомаи табобат дар хориҷи кишвар иҷоза медоданд, рад кард. Табобати Юлия Тимошенко дар хориҷа яке аз шартҳои асосии Иттиҳодияи Аврупо барои имзои созиши ҳамбастагӣ ва ташкили минтақаи тиҷорати озод бо Киев буд. Ин санад бояд дар нишасти “Ҳамкориҳои шарқӣ” дар Вилнюс рӯзҳои 28-29 ноябр имзо мешуд.
XS
SM
MD
LG