Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: ИМА ба истиқлоли Афғонистон арҷ мегузорад


Нишасти Лоя Ҷирга дар Кобул

Нишасти Лоя Ҷирга дар Кобул

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар як нома унвонии ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай ваъда дод, ки ИМА ба истиқлол, ҳуқуқ ва анъанаҳои Афғонистон арҷ мегузорад.

Дар ин нома, ки рӯзи панҷшанбе 21 ноябр ироа шуд, Обама ҳамчунин гуфтааст, низомиёни амрикоӣ фақат дар ҳолаҳтои изтирорӣ вориди манзилҳои мардуми афғон хоҳанд шуд. Мавзӯи дахолати низомиён ба зиндагии хусусии мардум – аз мавзӯъҳои калидии музокирот оид ба созиши амниятӣ миёни Кобул ва Вошингтон буд, созише, ки алҳол аз сӯи Лояи Ҷиргаи машваратӣ дар Кобул баррасӣ мешавад.

Ҳомид Карзай рӯзи панҷшанбе, 21 ноябр, дар маросими ифтитоҳи Лояи Ҷирга ширкат кард ва аз ҳозирин даъват намуд, ки аз созиши амниятӣ ҷонибдорӣ кунанд.

Гуфта мешавад, дар сурати аз сӯи Лоя Ҷирга пазируфта шудани созиши амниятӣ миёни ИМА ва Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли оянда тақрибан 15 ҳазор низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG