Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина омодагӣ ба имзои мувофиқатномаи ҳамкориро боздошт


Ҳукумати Украина мегӯяд, ки корҳои омодагӣ ба имзои мувофиқатномаи ҳамкориҳои озоди тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро боздоштааст. Қарор буд ин мувофиқатнома дар охири моҳи ҷорӣ, яъне ҳафтаи оянда дар шаҳри Вилнюс ба имзо бирасад.

Дар дастури ҳукумати Украина омадааст, раванди омодагӣ барои он боздошта шудааст, ки таъсири мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо Аврупо дар ҳамкориҳо бо ҷониби Русия омӯхта шавад. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои омӯхтани ин масъала кумиссиюни сеҷонибаи Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия бояд ташкил гардад.

Аз сӯи дигар порламони Украина натавонистааст қонунеро ба тасвиб расонад, ки бар асоси он Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина метавонист дар хориҷ аз кишвар муолиҷа бигирад.
XS
SM
MD
LG