Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамшаҳриҳои Келдибеков озодии ӯро талаб доранд


Тақрибан 200 нафар эътирозгарон, асосан ҷонибдорон ва наздикони Аҳмадбек Келдибеков, аз ҳизби "Ота Журт" бо талаби озодии ӯ роҳи мошинрави вилояти Ӯшро бастанд.

Бо чунин тақозо тақрибан 100 нафар дар Бишкек дар назди порламони Қирғизистон низ раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Келдибеков узви ҳизби мухолифи Ата Журт мебошад ва дар солҳои 2010-2011 раиси порламони Қирғизистон буд. Вайро рӯзи чаҳоршанбе ба иттиҳоми суистифода аз мақом ва фасоди молӣ боздошт карданд.

Аҳмадбек Келдибеков барои суистифода аз мақом ҳангоми раҳбариаш бар Бунёди иҷтимоии давлатӣ дар солҳои 2002-2005 ва раҳбариаш дар Хадамоти андоз дар солҳои 2008-2010 боздошт шудааст.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Азамат Тинаев-таҳлилгар ва сардабири торнамои Власт.кг пурсидам, Аҳмадбек Келдибеков қурбони сиёсат шудааст ва ё иттиҳомоте, ки ба вай иртибот дода мешавад, воқеият дорад?

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
Линки мустақим


Тинаев: "Додситонии кулл бар зидди вай чанд иттиҳом эълон кардааст ва ҳоло аз чаҳор иттиҳом ном мебаранд. Аида Салянова-додситони кулл дар порломони Қирғизистон изҳор дошт, ки ба ҷуз аз суистифода аз мақом ва фасоди молӣ чанд иттиҳоми дигар низ бар зидди вай эълон хоҳад шуд."

Озодӣ: Оё вай аз масъунияъти намояндаи порламон бархурдор нест?

Тинаев: "Порламони Қирғизистон дар қонун ислоҳоте ворид кардааст ва тибқи он намояндагони порламон, ки дар ришваву фасод гумонбар дониста мешаванд, масъунияти намояндагии порламонро аз онҳо мегиранд. Дар чунин ҳолат мақомоти интизомӣ бар зидди вай парванда боз мекунанд ва ҳар вақт вайро метавонанд боздошт кунанд.”

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки бо чунин таъқибҳову боздоштҳо ҳукумат мехоҳад мухолифони худро ба зону дарорад, яъне шикаст диҳад?

Тинаев: "Аз баъзе нуқтаи назарҳо вазъи пешомада маъмулӣ ва ошност. “Қаҳрамонон”-и парвандаҳои пурсару садо маъмулан бештар намояндагони мухолифон мебошанд. Аҳмадбек Келдибеков низ аз шахсиятҳои шинохтаи мухолифон дар ҳизби Ата Жорт мебошад. Иттиҳомоте, ки бар зидди вай эълон мешавад, аз давраҳои гузашта аст, давраҳое, ки вай раҳбари Бунёди иҷтимоии давлатӣ ва раҳбари Хадамоти андоз буд."

Озодӣ: Иддао мешавад, ки вай соҳиби дороии зиёд ва шахси сарватманд аст. Чӣ тавр вай ин дороиро гирд овардааст?

Тинаев: "Нахустин маълумот дар бораи дороии вай дар матбуот моҳи феврал ва март ба нашр расид ва он барои мардум тааҷубангез буд. Ҳамаи дороиаш ба номи худаш ва занаш сабт шудааст. Онҳо худашон ошкоро инро дар санадҳо нишон додаанд. Феҳристи дороӣ хеле тӯлонӣ буд. Масалан, дороии ғайриманқули онҳо бештар аз 30 адад нишон дода шуда буд. Ба ин феҳрист хона ва бӯстонсароҳо дохил мешуданд. Дар кишваре мисли Қирғизистон, ки тақрибан 50 дарсади аҳолӣ дар шароити фақр ба сар мебарад, ин дороии бузург аст. Барои ҳамин ҳоло ба вай чун корманди пешини давлатӣ мушкил хоҳад буд, то собит созад, ки ин дороиро чӣ тарз ба даст овардааст."

Озодӣ: Ба назари шумо вайро раҳо хоҳанд кард ё маҳкум хоҳад шуд?

Тинаев: "Имрӯз намояндагони порламон ин масъаларо дар ҳузури Додситони кулл чаҳор соат баррасӣ карданд ва хостанд, ки вайро маҳкум ба зиндон накунанд ва нисбат ба вай хайрхоҳ бошанд, вайро ба ҳабси хонагӣ бигиранд. Додситони кулл дар посух изҳор дошт, ки вай нигаронии намояндагони порламон ва дилсӯзии онҳоро дарк мекунад. Вай гуфт, ки агар намояндагони порламон дилашон ба ҳамкори худ, яъне намояндаи порламон сӯзад, дили вай ба давлат месӯзад, ба одамоне, ки дар фақр ба сар мебаранд ва ҳақи онҳоро касе мегирад, дилаш ба аҳолие месӯзад, ки аз ришвахорӣ дар сатҳи давлатӣ зарар мебинанд”.
XS
SM
MD
LG