Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили шеъру таронаи Салими Зарафшонфар


Имрӯз дар толори Хонаи адибони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, маҳфили шеъру таронаи шоири шинохта Салими Зарафшонфар баргузор гардид.

Ин маҳфил, ки аз сӯи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон созмон ёфт, аҳли фарҳангу адаб ва сарояндагонро гирди ҳам овард.

Дар оғози маҳфил ба Салими Зарафшонфар, нишони "Честь и мужество" ("Шараф ва мардонагӣ") барои саҳмаш дар таҳқими робитаҳои адабии Тоҷикистону Русия ва тарҷумаи ашъори Анастасия Андереева, шоираи рус аз ҷониби Бунёди "Честь и мужество"-и Санкт-Петербург тақдим шуд.

Салими Зарафшонфар 5-уми августи соли 1963 дар Панҷакент таваллуд шудааст.
Ӯ аз соли 1996 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аст. Дар оғоз бо эҷоди шеърҳояш шинохта шуд ва баъдан ба нависандагӣ, тарҷумонӣ ва овозхонӣ низ даст зад.

Ин аст, ки Зарафшонфар дар маҳфили имрӯза бо иҷрои 12 суруд хотири тамошобинонро болида гардонид. Матни сурудҳо аз ашъори худи Зарафшонфар ва адибони классики тоҷик аст, ки худаш ба онҳо оҳанг бастааст.

То кунун 7 китобаш, дафтарҳои шеъри "Сад найи фиғон", "Хунбаҳо" ва қиссаҳои "Зери заҳрханди Аҳриман", "Ду овора", "Шоҳасп" ва "Мунтахаби назму наср" таълиф шудаанд.
XS
SM
MD
LG