Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамъияти Узбакистон-Эрон 5 сол ҳукми зиндон гирифт


Дар Узбакистон Равшан Ғуломов-раиси бахши ҷамъияти дӯстии Узбакистон-Эрон дар Самарқанд барои таблиғи мазҳаби шиа маҳкум ба зиндон шудааст. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ аз Узбакистон, Равшан Ғуломов барои “фаъолиятҳои ғайриқонунии миссионерӣ” 5 сол ҳукми зиндон гирифтааст.

Бозрасон гуфтаанд, Ғуломов мунтазам аз сафоратхонаи Эрон адабиёти таблиғотии мазҳаби шиаро дарёфт ва онро дар масҷидҳои маҳалии Самарқанду Ҷизах тақсим мекардааст.

Коршиносон аз Кумитаи умури мазҳабии Узбакистон мегӯянд, адабиёте, ки аз Ғаломов ва ҳамкорони вай мусодира шудааст, дорои “эъломияҳое мебошад, ки пайравони мазҳаби сунниро тавҳин мекунад”.
XS
SM
MD
LG