Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои раҳоии Келдибеков дар Бишкеку Ӯш тазоҳурот карданд


Аҳмадбек Келдибеков
Аҳмадбек Келдибеков
Тақрибан 200 нафар эътирозгарон роҳи мошинрави вилояти Ӯшро бастанд ва раҳоии Аҳмадбек Келдибеков-ҳуқуқдони саршиноси кишварро тақозо мекунанд. Бо чунин тақозо тақрибан 100 нафар дар назди порламони Қирғизистон низ раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Келдибеков узви ҳизби мухолифон Ата Журт мебошад ва дар солҳои 2010-2011 раиси порламони Қирғизистон буд. Вайро рӯзи чаҳоршанбе ба иттиҳоми суистифода аз мақом ва фасоди молӣ боздошт карданд.

Аҳмадбек Келдибеков барои суистифода аз мақом ҳангоми раҳбариаш бар Бунёди иҷтимоии давлатӣ дар солҳои 2002-2005 ва раҳбариаш дар Хадамоти андоз дар солҳои 2008-2010 боздошт шудааст.

Чанд нафар аз аъзои порламон бо эътирозгарони Бишкек мулоқот карданд ва гуфтанд, ки додситонии кулл то поёни рӯз дар бораи боздошти Келдибеков ба порламон гузориш медиҳад.
XS
SM
MD
LG