Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Украина бар зидди қонуни Тимошенко рай дод


Порламони Украина натавонист қонунеро ба тасвиб расонад, ки бар асоси он Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина метавонист дар хориҷ аз кишвар муолиҷа бигирад. Ба тасвиб нарасидани ин қонун имзои мувофиқатномаи ҳамкориҳои озоди тиҷоратии миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Украинаро зери суол мебарад. Қарор буд ин мувофиқатнома дар мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар охири моҳи ноябр дар Вилнюс ба имзо расад.

Дар ҷавоб ба имзои ин мувофиқатнома Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, ки дар Украина ислоҳоти демократӣ ва вобаста ба додгоҳӣ анҷом бигирад. Раҳоии Тимошенко низ ба ҳамин масъала бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG