Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уругвай – соҳиби роҳхати охирин ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014


Мунтахаби Уругвай роҳхати охиринро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия ба даст овард.

Футболобозони Уругвай бозии ҷавобии интихобии байниқитъавиро шаби 21-уми ноябр дар майдони худ бо мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0-0 анҷом доданд. Мунтахаби Уругвай, ки дар бозии аввал дар меҳмонӣ тими Урдунро бо ҳисоби бузурги 5-0 шикаст дода буд, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ғолиб шуд ва соҳиби роҳхат гардид.

Ба ин тартиб, ҳамаи 32 дастаи мунтахаби миллии ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия маълум шуданд:
аз Аврупо 13 даста – Белгия, Босния ва Ҳерсеговин, Инглистон, Испания, Италия, Олмон, Португол, Русия, Фаронса, Хорватия, Ҳолланд, Швейтсария ва Юнон.
аз Амрикои Ҷанубӣ 6 даста – Аргентина, Бразилия, Колумбия, Уругвай, Чили ва Эквадор.
аз Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва Кариб 4 даста – Гондурас, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Коста-Рика.
аз Африқо 5 даста – Алҷазоир, Гана, Камерун, Кот-д’ Ивуар, Нигерия.
аз Осиё 4 даста – Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Эрон.

Қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 рӯзи 6-уми декабр баргузор мешавад. Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз 12-уми июн то 13-уми июли соли 2014 дар 12 шаҳри Бразилия доир хоҳад шуд. Нахустин бозӣ дар Сан-Паулу ва бозии ниҳоӣ дар Рио-де-Жанейро, дар варзишгоҳи "Маракана" барпо мегарданд.
XS
SM
MD
LG