Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини порламони Қирғизистон барои ришвахорӣ боздошт шуд


Аҳмадбек Келдибеков
Аҳмадбек Келдибеков
Аҳмадбек Келдибеков-муовини пешини раиси порламони Қирғизистон аз ҳизби мухолифи Ата Журт ё Падарватан ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудааст. Як манбаъ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, Аҳмадбек Келдибеков барои суистифода аз мақом ҳангоми раҳбариаш бар Бунёди иҷтимоии давлатӣ дар солҳои 2002-2005 ва раҳбариаш дар Хадамоти андоз дар солҳои 2008-2010 боздошт шудааст. Вай солҳои 2010-2011 муовини раиси порламон буд.

Қамчибек Ташиев-раиси ҳизби Ата Журт ба радиои Озодӣ боздошти Келдибековро таъйид кард ва иддао намуд, ки ин боздошт ангезаи сисёсӣ дорад.

Худи Келдибеков чанд соат қабл аз боздошташ як муроҷиати видеоиро дар интернет нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG