Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрон дар Женев аз сар гирифта шуд


Кэтрин Эштон ва Мкҳаммад Ҷавод Зариф
Кэтрин Эштон ва Мкҳаммад Ҷавод Зариф
Намояндагони аршади шаш қудрати ҷаҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе даври нави музокироти худро дар Женев бо Эрон аз сар гирифтанд, то баҳсҳо роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эронро ҳал кунанд. Дар ин музокироти дурӯза ҷонибҳо ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт, ки Эрон чӣ тарз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худро барои шаш моҳ муттаваққиф созад, то дар ивази он таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ сабуктар шаванд.

Қабл аз оғози музокирот Кэтрин Эштон-раҳбари ҳайати музокирот ва масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бо Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон ва раҳбари ҳайати ин кишвар мулоқоти алоҳида анҷом дод. Ҷавод Зариф ин мулоқотро ба хабаргузориҳои кишвараш “хуб” арзёбӣ кард, вале аз додани тавзеҳот худдорӣ намуд.

Қудратҳои ҷаҳонӣ шак доранд, ки Эрон мехоҳад аслиҳаи ҳастаӣ эҷод кунад. Вале Эрон пофишорӣ дорад, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG