Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНЕСКО солгарди Ҳамадониро ҷашн мегирад


Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2014 муштаракан 700 солагии донишманд Мирсаид Алӣ Шаҳобуддин Ҳамадониро ҷашн мегиранд. Муассисаи омӯзишӣ ва илмиву фарҳангии СММ ё ЮНЕСКО бузургдошти солгарди ин донишмандро ба феҳристи ҷашнҳои соли 2014 ворид кардааст.

Дар аввалҳои соли ҷорӣ аз бузургдошти солгарди Ҳамадонӣ дар ЮНЕСКО намояндагони Ҳиндустону Покистон ҷонибдорӣ карданд.

Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар солҳои 1314-1385 зиндагӣ кардааст ва дар шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шудааст. Ҳоло мақбараи вай яке аз ҷойҳои зиёрат дар минтақа ба шумор меравад. Вай яке аз таблиғкунандагон ва ҷорикунандагони ислом ва фарҳанги ислом дар водии Кашмир ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG