Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав қотилони як раҳбари мусулмоноро маҳкум карданд


Яке аз додгоҳҳои Маскав 3 нафар қотилони Метин Мехтиев -раҳбари мусулмонон дар Маскавро маҳкум ба зиндон кард. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин се нафар барои куштор ва ғорат рӯзи чаҳоршанбе ба мӯҳлатҳои аз 7 то 16 соли зиндон муҷозот шуданд.

Ин се нафар моҳи апрели соли 2012 дар назди яке аз истгоҳҳои метрои Маскав ба Метин Мехтиев корд заданд. Вай баъдтар дар шифохона ҷон дод. Қотилон телефони ҳамроҳи вайро бо худ бурданд. Ин се мард моҳи июли соли 2012 боздошт шуданд. Дар ин миён ду нафари онҳо дар Маскав як нафари дигарро бо зарби корд ба ҳалокат расонда буданд.
XS
SM
MD
LG