Пайвандҳои дастрасӣ

Малола Юсуфзай ҷоизаи Сахаровро дар Страсбург дарёфт кард


Малола ҳангоми дарёфти ҷоиза, 20 ноябр

Малола ҳангоми дарёфти ҷоиза, 20 ноябр

Рӯзи чаҳоршанбе дар иҷлоси порламони Аврупо дар Страсбурги Фаронса ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров барои соли 2013 ба Малола Юсуфзай эҳдо шуд. Малола дарёфти ин ҷоизаро “ифтихори бузург” арзёбӣ кард ва гуфт, ин ҷоиза ба вай нируи тоза хоҳад бахшид, то дар ватанаш Покистон барои ҳақи таҳсили баробари духтарону писарон мубориза кунад.

Малола моҳи гузашта барандаи ин ҷоиза эълон шуда буд. Ҷоизаи мазкур аз 50 ҳазор евро иборат аст. Ин ҷоизаро барои андешаҳои озод ва мубориза барои таъмини ҳуқуқи инсон тақдим мекунанд. Ҷоизаро порламони Иттиҳодияи Аврупо таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG