Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Миср боиси ҳалокати 10 низомӣ шуд


Як таркиш дар вилояти Синойи Шимолии Миср мунҷар ба ҳалокати дасти кам 10 низомӣ гардид. Даҳҳо нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ба иттилои мақомоти Миср, як мошини ҳомили маводи тарканда дар назди микроавтобусе инфиҷор шуд, ки афсарони артишро аз шаҳри Рафаҳ ба Ал-Ариш, маркази вилояти Синойи Шимолӣ, мебурд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст. Ҳамлаҳо ба намояндагони ниҳодҳои қудратии Миср баъди он афзоиш ёфтанд, ки моҳи июл низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро аз мақомаш барканор карданд.
XS
SM
MD
LG