Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз бархӯрди Эрон бо фирориёни афғон интиқод кард


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Эрон барои нақзи ҳуқуқҳои паноҳандагони афғон интиқод кард. Дар гузориши вижаи созмон, ки имрӯз дар Кобул нашр шуд, омадааст, ҳазорон афғонҳо ба ватанашон истирдод шуданд ва ҳоло ба онҳо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Дар гузориши Human Rights Watch гуфта шудааст, ҳам онҳое, ки солҳо дар Эрон ба сар мебаранд ва ҳам афроди чанде қабл бар асари хушунат кишварро тарк намуда иҷборан ба Афғонистон интиқол дода мешаванд.

Ҳамзамон ҳомиёни ҳуқуқи башар ба саҳми Эрон дар ироаи паноҳгоҳ ба афғонҳо тайи беш аз сӣ соли ахир арҷ гузоштаанд. Бо вуҷуди он, муаллифони гузориш аз Эрон даъват намуданд, ки меъёрҳои байнулмилалии бархӯрд бо паноҳандагон ва муҳоҷиронро риоя намояд.
XS
SM
MD
LG