Пайвандҳои дастрасӣ

То имрӯз, 20-уми ноябр, 31 дастаи мунтахаби миллии ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия маълум шудааст.

Дар бозиҳои ҷавобии интихобӣ барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014, ки рӯзи 19-уми ноябр баргузор шуданд, боз чаҳор дастаи мунтахаб соҳибони роҳхатҳо гардиданд. Инҳо тимҳои миллии Португол, Фаронса, Хорватия ва Юнон мебошанд. Бозиҳои ҷавобии ин дастаҳо бо рақибонашон бо чунин натиҷаҳо поён ёфтанд:

Шветсия – Португол – 2-3 (бозии аввал – 0-1)
Фаронса – Украина – 3-0 (бозии аввал - 0-2)
Хорватия – Исландия – 2-0 (бозии аввал - 0-0)
Руминия – Юнон – 1-1 (бозии аввал - 1-3)

Имрӯз, 20-уми ноябр, инчунин дастаи мунтахаби Мексика, ки дар бозии ҷавобии интихобии байниқитъавӣ дар сафар бар тими миллии Зеландияи Нав бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 роҳхат гирифт. Дар бозии аввал низ мексикоиҳо дар майдони худ бо ҳисоби 5-1пирӯз шуда буданд.
Роҳхати охирин ба Ҷоми ҷаҳон-2014 шаби 21-уми ноябр дар бозии ҷавобии интихобии байниқитъавӣ миёни дастаҳои мунтахаби Уругвай ва Урдун маълум хоҳад шуд. Мунтахаби Уругвай, ки дар бозии аввал дар меҳмонӣ тими Урдунро бо ҳисоби бузурги 5-0 шикаст дода буд, бешак, соҳиби роҳхат мешавад.

Ба ин тартиб, то ҳоло 31 дастаи мунтахаб ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия роҳхат гирифтаанд:

Аврупо – Белгия, Босния ва Ҳерсеговин, Инглистон, Испания, Италия, Олмон, Португол, Русия, Фаронса, Хорватия, Ҳолланд, Швейтсария ва Юнон.

Амрикои Ҷанубӣ – Аргентина, Бразилия, Колумбия,Чили ва Эквадор.

Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва Кариб – Гондурас, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Коста-Рика.

Африқо – Алҷазоир, Гана, Камерун, Кот’ де Ивуар, Нигерия.

Осиё – Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Эрон.

Қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 рӯзи 6-уми декабр баргузор мешавад. Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз 12-уми июн то 13-уми июли соли 2014 дар 12 шаҳри Бразилия доир хоҳад шуд. Нахустин бозӣ дар Сан-Паулу ва бозии ниҳоӣ дар Рио-де-Жанейро, дар варзишгоҳи "Маракана" барпо мегарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG