Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи маорифи Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд


Рӯзи 21-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон, бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре аз Гулчеҳра Қобилова, корманди институти «Ҷамъияти Кушода» ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин конфронс дар назар аст президенти академияи таҳсилти Тоҷикистон, Ирина Каримова, вазири маориф Нуриддин Саидов,роҳбари шӯъбаи илм ва маорифи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Абдуҳамид Нозимов, роҳбари шӯъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад Зуҳро Ҳалимова ва дигар намояндагони расмӣ ширкат мекунанд.

Манбаъ афзуд, мақсади асосии конфронс омӯхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо, баррасӣ намудани принсипҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва инкишоф додани иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст.

Дар рафти конфронс мушкилот ва имкониятҳои эҳтимолӣ барои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа, таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилот, хадамоти иҷтимоӣ ва дастгирии психологӣ-тиббӣ-педагогӣ ва ғайра баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Гулчеҳра Қобилова гуфт, конфронс дар меҳмонхонаи «Меркури» дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG