Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: Чоряки кӯдакон қадпастанду аз камбудии ғизо азият мекашанд


Як пажуҳиши охир дар бораи вазъи тиббӣ-демографӣ дар Тоҷикистон нишон додаст, ки 26 дар сади кӯдакон дар сини то 5-солагӣ қадпаст буда, за камғизогии доимӣ азият мекашанд. Ҳамчунин 10 дар сади кӯдакон аз камхурии лоғарӣ азият мекашанд ва 12 дар сади онҳо дар натиҷаи норасогии ғизо камвазн будаанд. Натиҷаи ин пажуҳиш нишон доддааст, ки 34 дар сади кӯдакони то сини 6 моҳа танҳо аз шири модар ғизо мегирифтаанд.

Ин пажуҳиш, ки аз тарафи кумитаи омори Тоҷикистон бо дастгирии созмони USAID анҷом шудааст, вазъи демографии Тоҷикистонро дар соли 2012 нисбат ба солҳои қаблӣ натиҷагирӣ мекунад.

Тибқи ин пажуҳиш дар байни занҳое, ки 5 соли охир таваллуд кардаанд дар 79 дар сади онҳо ёрии тибӣ пеш аз таваллуд расонда шудаст. Дар байни таваллудҳое, ки ба наздикӣ гузаштаанд 77 дар сдаи онҳо дар муассисаҳои тиббӣ гузарондаанд. Вале 23 дар сади занҳо дар хона тавваллуд мекардаанд, ки аз ҳама бештар дар вилояти Бадахшон (34%) рост меояд. Ба гуфти мутахасисон дар хона таваллуд кардани занҳо бештар дар байни мардуми камбизот аст.

Дар соли 2012 фавти кӯдакон нисбати солҳои пешин кам шуда 43 фавт ба 1000 кӯдаки зиндатаваллуд рост меояд.
XS
SM
MD
LG