Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: "Хатоҳои гузашта дар оянда такрор нахоҳанд шуд"


Вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки Барак Обама дар як нома ба мардуми Афғонистон итминон хоҳад дод, ки нерӯҳои амрикоӣ хатоҳои гузаштаашонро дар оянда такрор нахоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки мушовири амнияти миллии Амрико Сюзан Райс гуфтааст, ки Амрико аз Афғонистон маъзарат нахоҳад хост.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, ки Ҷон Керрӣ ин матлабро дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳомид Карзай баён дошт: "Барои ҳосил намудани қаноати хотири мардуми Афғонистон ва қаноати раиси ҷумҳури кишвар, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки тайи як нома аз ҷониби раиси ҷумҳур Барак Обама, Амрико тааҳҳуд хоҳад кард, ки дар гузашта хатоҳоеро, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон муртакиб шуданд, дар оянда муртакиб намешаванд ва аз он ҷилавгирӣ мекунанд."

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, ин нома якҷо бо лоиҳаи тавофуқномаи амниятӣ ва дифоӣ ба иштироккунандагони Лӯи Ҷирга пешкаш хоҳад шуд. Хабарнигори радиои "Озодӣ" аз сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон пурсид, ки оё ин нома ба ин маъност, ки нерӯҳои амрикоӣ иҷоза хоҳанд дошт, то ба амалиёташон идома бидиҳанд?

Оқои Файзӣ дар посух гуфт, ки Лӯи Ҷиргаи машваратӣ дар ин маврид тасмим хоҳад гирифт. Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, анҷоми ҳар гуна амалиёти низомӣ ва ҷустуҷӯи хонаҳои мардум, масъалаи ҷиддии мавриди ихтилоф миёни Кобул ва Вошингтон аст.

"Афғонистон аз роҳандозии ҳар гуна амалиёти низомии нерӯҳои амрикоӣ дар хонаҳои мардуми афғон мухолиф аст ва мамониат мекунад ва тақозои Амрико то кунун ин буда, ки дар ҳолатҳои хос мехоҳанд, ки амалиётҳои ҷустуҷӯиро дар хонаҳои мардум анҷом диҳанд. Дар мавриди ҳамин моддаи мувофиқатномаи амниятӣ ва дифоӣ миёни Афғонистон ва Амрико, ҳоло ихтилофи назари ҷиддӣ вуҷуд дорад."

Ҷен Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ҳам дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳанӯз дар мавриди бархе аз масоил гуфтугӯҳо идома дорад ва натиҷаи ниҳоӣ ба даст наомадааст.

Дар ҳамин ҳол хонум Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии Амрико гуфтааст, ки кишвараш аз Афғонистон узрхоҳӣ намекунад. Ба гуфтаи хонум Райс, "мо қурбонӣ додем ва онҳоро дар раванди демократикунонӣ ва раҳоӣ аз Ал-Қоида кӯмак намудем." Хонум Райс афзудааст, ки ҳеҷ гуна номаи узрхоҳӣ омода ва ё фиристода нашудааст ва он рӯи миз қарор надорад."

Раиси ҷумҳури Афғонистон моҳи гузашта гуфта буд, ки танҳо масъалаи мавриди ихтилоф, масунияти нерӯҳои хориҷӣ аст, ки Лӯи Ҷирга бояд дар мавриди он тасмим бигирад. Аммо он замон вазири умури хориҷии Амрико дар Кобул гуфта буд, ки нерӯҳои амрикоӣ дар баробари қонун посухгӯ хоҳанд буд ва дар сурати ҳар гуна қонуншиканӣ, бар асоси қонуни Амрико дар хоки ин кишвар муҳокима мешаванд.

Фардо, панҷшанбеи 21-уми ноябр 2500 иштирокчии Лӯи Ҷиргаи машваратӣ дар ин маврид тасмим хоҳад гирифт ва сарнавишти созишомаи амниятии дуҷониба миёни Кобул ва Вошингтонро таъйин хоҳад кард. Ин тавофуқнома идома ҳузури нерӯҳои амрикоиро пас аз соли 2014 дар Афғонистон мушаххас мекунад. Бар пояи гузоришҳо, мумкин аст, аз панҷ то 10 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ монанд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 87 ҳазор нерӯи байналмилалӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, ки тақрибан 52 ҳазорашонро сарбозони амрикоӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG