Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижаи "Нелегал-2013" дар Хатлон


Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон аз анҷоми амалиёти вижаи «Нелегал-2013» хабар дод, ки қариб 20 рӯз идома дошта, дар ҷараёни он санадҳои будубош, иқомат ва фаъолияти кории қариб 400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Ба иттилои Маҳмудҷон Хоркашев, раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, дар рафти амалиёт муайян гардид, ки дар қаламрави вилоят 360 шаҳрванди хориҷӣ дар 277 манзили зист сукунат доранд ва 30 нафари онҳо мақоми гурезагӣ доштаанд. Ғайр аз ин, дар 36 иншооти сохтмони саноатӣ, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои савдо ҷамъан 461 шаҳрванди хориҷӣ, асосан Чину Афғонистон кор мекардаанд. Танҳо дар зарфи 20 рӯзи амалиёт як шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин, асосан тоҷирони уйғуртабор, бинобар риоя накардани қоидаҳои будубош аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд. Ҳамчунин 8 шаҳрванди Покистон, ки ба гуфтаи М. Хоркашев, «бе гирифтани иҷозатномаи корӣ ва ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ» дар вилояти Хатлон кор мекардаанд, ҷамъан қариб ду ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуданд.
XS
SM
MD
LG