Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Тоҷ-Чин" аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд


Порлумони Тоҷикистон ширкати "Тоҷ-Чин"-ро аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Маҷлиси Намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 20-уми ноябр зимни ворид кардани тағйирот ба қонуни буҷаи соли 2013 ширкати "Тоҷ-Чин"-ро ба хотири ворид кардани техникаву таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши изофа озод кард. Гуфта мешавад давлати Тоҷикистон қаблан аз порлумон хостааст, то ширкати "Тоҷ-Чин"-ро аз андози арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод намояд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ширкати муштараки тоҷикистониву чинии "Тоҷ-Чин" 1-уми октябри соли ҷорӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гарданаи Чормағзак, воқеъ дар қаламрави шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор гирифт.

Ин корхона, ки ба тавлиди семент машғул аст, солона тавони истеҳсоли 600 ҳазор тонро дорад.

"Тоҷ-Чин" бо сармояи 51 дар садии соҳибкорони чинӣ ва 49 дар садии соҳибкорони тоҷик бунёд шуда ва дар маҷмуъ 20 миллион доллар масраф шудааст. Гуфта мешавад ин корхона бо маблағи 9,8 миллион доллар таҷҳизот ворид мекунад, ки маблағи боғи гумрукӣ зимни ворид шудан 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар ояндаи назидк ҳаҷми умумии сармоя ба ин корхона ба 50 миллион доллар мерасад, ки зарфияти солонаи он 1, 5 миллион тон семент хоҳад шуд. Ҳоло дар ин корхона 500 нафар кор мекунанд ва баъдан боз 250 нафраи дигар ҷалб хоҳанд шуд. 80 дар сади неруи корӣ тоҷикон ҳастанд.

Дар ин корхона сементи навъ ё тамғаи 500 ва 600 тавлид мешавад, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ муштарии зиёд дорад ва ҳам барои сохтмони иншоотҳои мухталиф, аз ҷумла, саноатӣ, энергетикӣ ва ниругоҳҳо истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG