Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин тағйиротҳои кадрӣ дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон, вокунишҳои мухталиферо дар миёни соҳибназарони тоҷик ба бор овардааст.

Комёб Ҷалилов, таҳлилгари тоҷик ва собиқ корманди Маркази таҳқиқоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 20-уми ноябр аз нахустин тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати ин кишвар истиқбол кард.

Ҳарчанд ба гуфтаи ҷаноби Ҷалилов, "тағйирот дар сатҳи ҳукумат ва сохторҳои қудратӣ, ба истилоҳ "ракировка" ё ҷойивазкунӣ аст, аммо истифода аз нерӯи кадрҳои ҷавон дар мансабҳои умда ба маънии он аст, ки раҳбарияти давлат мехоҳад роҳро барои ҷавонон боз кунад."

Ин таҳлилгари тоҷик аз Шералӣ Мирзо, собиқ раиси Идораи марзбонӣ, ки имрӯз ба ҷо Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъ таъйин шудааст, ба унвони кадри ҷавон ва даврони истиқлол ном бурд ва гуфт, ки "ин шахс дар муддати ду даҳсолаи ахир фаъолияти муассир нишон дод ва содиқона хидмат ба ватан ӯро ба ин сатҳ расонид".

Комёб Ҷалилов, бар ин назар аст, ки "набояд яку якбора тағйироти ҷиддиро интизор шуд, балки имкон дорад, тағйиротҳои ҷиддӣ ва сарнавиштсоз дар тӯли як сол сурат бигиранд."

Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "агар раҳбарияти ҳукумат дар идомаи тағйироти кадрӣ ҷавонони 25 то 45 соларо ба мансабҳои давлатӣ ҷалб намояд, ин аллакай ба манифати ҳукумат хоҳад буд."

Аммо Амнияти Абдуназар, коршиноси тоҷик мегӯяд, мутаассифона раиси ҷумҳури тозаинтихоб боз ҳам чун пештара амал кард ва тағйиротҳои ҷиддии кадрӣ анҷом нагирифт. Дар ҳоле, ки ба таъкиди Амнияти Абдуназар, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ интизор доштанд, ки ин дафъа Эмомалӣ Раҳмон, "непотизм"-ро аз байн мебаранд ва аз нерӯи ин қишри ҷомеа низ истифода мекунанд.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, нахустин тағйиротҳои кадрӣ далели онанд, ки боз ҳам ҳукумат ба шеваи пеш идора хоҳад шуд ва зарфиятҳо ва потенсиалҳо дар канор хоҳанд монд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG