Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон мардеро барои терроризм маҳкум карданд


Додгоҳи шаҳри Атирауи Қазоқистон як марди маҳллиро ба иттиҳоми терроризм 20 сол маҳкум ба зиндон кард. Ин мард бо номи Оринбасар Мунатов 26 сол дорад ва рӯзи сешанбе вайро барои сармоягузории фаъолияти як гурӯҳи терорристӣ ва созмон додани фаъолиятҳои террористӣ, гунаҳгор эълон карданд. Мурофиаи додгоҳии вай паси дарҳои баста анҷом гирифт. Вайро моҳи июн аз Покистон истирдод карда буданд. Дафтари Додситонии кулли Қазоқистон соли 2011 гуфта буд, ки Мунатов яке аз созмондиҳандагони “Ҷунд- ал-Хилофа”, яъне “Сарбозони Хилофат” будааст. Ин гурӯҳ дар манотиқи марзии миёни Покистону Афғонистон фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG