Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вобастаи фарҳангии Эрон дар таркишҳои Бейрут кушта шуд


Бар асари ду таркиш дар наздикии сафоратхонаи Эрон дар Бейрут, дастикам 22 нафар кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Лубнон эълон кардааст, ки шумораи кушташудагони таркиши Бейрут 22 нафар ва теъдоди захмиён низ ба 146 тан расидааст. Тибқи охирин гузоришҳо, ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар ин таркиш захмӣ шудааст.

Аммо як мақоми амниятии Лубнон ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ройзани фарҳангии Эрон дар миёни кушташудагон мебошад. Ин мақоми амниятии Лубнон гуфтааст, ки ҳангоми вуруди ройзани фарҳангии Эрон ин таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари ҷароҳати вазнин, вай ҷон додааст. Хабаргузории Ройтерз низ чунин хабареро пахш кардааст.

Шабакаи телевизиони арабизабони Эрон - "Ал-олам", низ бо эъломи ин хабар гузориш додааст, ки ройзани фарҳангии Эрон ҳуҷҷатулислом Иброҳим Ансорӣ будааст. Ин дар ҳоле аст, ки сафири Эрон дар Бейрут мегӯяд, ки оқои Ансорӣ ба шиддат захмӣ шудааст. Шабакаи "Ал-олам" ҳамчунин аз захмӣ шудани чаҳор корманди худ дар ҷараёни ин ду таркиш хабар додааст.

То ҳол сабабҳои таркиш маълум нашудааст. Дар баъзе гузоришҳо омадааст, ки мушак паррондаанд, вале дар гузоришҳои дигар гуфта мешавад, ки мошини бамгузоришудае таркидааст.

Дар як гузориши телевизионӣ аз саҳнаи ин ҳодиса дида мешавад, ки мошинҳои атроф оташ гирифтаанд, биноҳои атроф хароб шудаанд ва ҷасадҳои хобида дар хиёбонро мебаранд. Бино ба гузоришҳо, 6 бинои вобаста ба сафорат осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG