Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия бимаи тиббӣ барои муҳоҷирон ҳатмӣ хоҳад шуд


Русия барои муҳоҷирони кории хориҷӣ бимаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мекунад. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон хабареро нашр кардааст. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ бидуни бимаи тиббӣ, иҷозаи кор ё патент наметавонад дар қаламрави Русия кор кунад. Ҳатто оне, ки бо ширкатҳо ё корхонаҳо қарордоди корӣ доранд, бояд ҳатман бимаи тиббӣ бигиранд. Дар ин бора дар Русия қонуне ба тасвиб расидааст.

Ниҳоди қонунгузори Русия бори дигар ин қонунро 29 январи соли 2014 баррасӣ хоҳад кард.

Ахиран дар Примореи Русия зоишгоҳ як зан-шаҳрванди Узбакистонро, ки бимаи тиббӣ ё полис надошт, барои таваллуд ба зоишгоҳ роҳ надод ва наздик буд, ки зан дар сари зинаҳои бемористон таваллуд кунад. Пизишкон мегуфтанд, ки ин зан пул ва ҳуҷҷат надоштааст.
XS
SM
MD
LG