Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз замони ворид кардани банди «шиканҷа» дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар соли 2012, то нимаи дуюми соли равон алайҳи 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ин иттиҳом парванда боз шудааст.

Аз ҷумла, дар 6 моҳи аввали соли равон 5 корманди ҳифзи ҳуқуқ барои «шиканҷа», ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Муҳаммадризо Халифазода, сардори раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъадори Додситонии кулли Тоҷикистон, ки дар як давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судӣ» дар ҷамъи хабарнигорон дар Варзоб сӯҳбат мекард, афзуд, шиканҷаи шаҳрвандон умдатан рӯзҳои аввали боздошти онҳо ба хотири маҷбуран иқрор карданашон ба содир кардани ҷиноят ва гоҳе дар посух ба рафтори ноҷои сокинон вақти дастгир кардани онҳо, сурат гирифтааст.

Дар Тоҷикистон ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯйи шумораи ҷиноятҳое, ки ошкор кардаанд, баҳо дода мешавад. Аз ин рӯ, онҳо гоҳе барои ба даст овардани «нишондоди баланд», аз роҳу усули ғайриқонунӣ низ кор мегиранд. Банди «шиканҷа» барои бори аввал содир кардани ин ҷиноят, ҷазои пардохти ҷаримаҳои зиёд ва аз 2 то 5 соли ҳабс ва маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян то 3 солро пешниҳод мекунад.

Вале ба гуфтаи Муҳаммадризо Халифазода, муҷозоти омилони шиканҷа танҳо роҳи ислоҳи вазъ ва мубориза бо шиканҷа нест. Вай афзуд, давлат ва мақомоти масъули Тоҷикистон дарк кардаанд, ки мубориза бо шиканҷа кори ҳамагонӣ аст ва бо роҳи ислоҳу такмили қонунгузорӣ, беҳбуди ҳимояти ҳуқуқии шаҳрвандон аз лаҳзаҳои аввали боздошт ва ҷорӣ намудани назорати видеоӣ дар муассисаҳои тафтишотиву ислоҳотӣ барои коҳиши шиканҷа талош доранд.

Ба ин манзур як гурӯҳи вижаи корӣ, иборат аз намояндагони дастгоҳи раисҷумҳур, ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон, Додситонии кулл, Суди конститутсионӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзwи ҷилавгирӣ аз шиканҷа давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунад.

Додситонии кулл бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастурамале дар мавзӯи тартиби дастгир кардани шаҳрвандон таҳия ва нашр кардааст. Чунки шаҳрвандон умдатан вақти дастгир шудан ва вақти пурсиш то эълони айб мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Ба гуфтаи ҷаноби Халифазода, дар ин дастур мутобиқи пешниҳоди созмонҳои байнулмилалӣ, ба хусус - Кумитаи алайҳи шиканҷаи СММ, риояти чораҳое, ки аз шиканҷаи шаҳрванд ҷилавгирӣ мекунад, мисли дастрасӣ ба вакили дифоъ аз лаҳзаи аввали боздошт, ташхиси тиббии дастгиршуда қабл аз бурдан ба ҷойи нигаҳдошти муваққатӣ (ИВС), мақомоти тафтишотӣ ва интиқол ба боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) таъкид шудааст.

Ҳамчунин, иҷоза додан ба дидори боздоштшуда бо хешону пайвандонаш, то ки онҳо низ аз ҳоли вай назорат бурда тавонанд. Риояти ин муқаррарот барои роҳ надодан ба шиканҷа ва маълум намудани замону макони пайдо шудани нишонаҳои шиканҷа дар бадани боздоштшудагон, муаассир хоҳанд буд. Ба ҷуз ин, гузоштани камераҳои назоратӣ дар ҳама утоқҳои бозпурсии боздоштшудагон ба ошкорову шаффоф ва бидуни шиканҷа ҷараён гирифтани он мусоидат хоҳад кард.

Вале дар ҳоли ҳозир камераҳои назоратӣ танҳо даромадгоҳи шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва боздоштгоҳҳои муваққатиро зеб медиҳанд. Ва имконоти танги техникиву фаннии мақомоти тафтишу ташхисотӣ имкон намедиҳад ҳангоми аз тирезаи шуъбаи корҳои дохилӣ паридани дастгиршуда муайян кунанд, оё вай худ парид ё зӯран ҳаво доданд, то омилони шиканҷаву зӯроварӣ алайҳи шаҳрванди боздоштшуда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Мавзӯи шиканҷа дар чорчӯби барномаи давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судӣ», ки аз ҷониби мактаби мустақили рӯзномангории «Тоҷикистон – асри 21» роҳандозӣ мешавад, бо иштироки кормандони Додситонии кулл, ҳуқуқшиносони мустақил, вакилони дифоъ ва коршиносон баҳс шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG