Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи наздикони Икромзода ба рӯзи панҷшанбе гузошта шуд


Ҳамза Икромзода.

Ҳамза Икромзода.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мурофиаи волидони Ҳамза Икромзода бо талаби 10 миллион доллар зарари маънавӣ аз вазорати адлияро, ба рӯзи панҷшанбе мавқуф гузоштааст. Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода, як маҳбуси тоҷик, ки ба гуфтаи наздиконаш бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст, рӯзи 19-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд имрӯз дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ мурофиаи хонаводаи онҳо бо Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо баргузр мешуд. Вале додраси додгоҳ ин мурофиаро бо сабаби ҳузур надоштани ҷониби ҷавобгар ба рӯзи 21-уми ноябр гузоштааст. Волидони Ҳамза Икромзода аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ талаб доранд, ки 10 миллион доллар аз Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо ва Вазорати адлия барои расонидани зарари маънавӣ вобаста ба қатли фарзандашон Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами 1, рӯёнад.

«Дар мурофиаи пешин, ки 15-уми ноябр бояд сурат мегирифт, намояндагони Раёсати ислоҳии маҳбасҳои наёмаданд ва мурофиа баргузор нашуд», мегӯяд Амиралӣ Икромзода. Файзалӣ Икромзода, падари Ҳамза қаблан гуфта буд, ки «мо ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар хусуси рӯёнидани 10 миллион доллар аз Раёсати ислоҳии маҳбасҳо ва Вазорати адлия ариза навишта будем, лекин Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо вобаста ба аризаи мо ба Додгоҳ эътироз оварда хоҳиш карданд, ки ин аризаи онҳоро ба истеҳсолот ворид накунад»

Дар ҳамин ҳол Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо ба суолҳои онҳо дар робита ба аризаи волидони Ҳамза Икромзода хоҳиши посух додан накарданд ва гуфтанд, ки ин ариза ноҷо буда, асосе барои даъво надорад. Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли гузашта дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда онро худкушӣ арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG